Ссылки доступа

Сафорати Ҳиндустон ҳамла ба сикҳу ҳиндуҳоро дар Афғонистон маҳкум кард


Сафорати Ҳиндустон дар шаҳри Кобул бо нашри як изҳорот ҳамлаи хунини маргталабонаро ба намояндагони ақаллияти сикҳ ва ҳинду дар вилояти Нангарҳор, дар шарқи Афғонистон маҳкум кард.

Сафорат дар Твиттер гуфт, 1 июл дар натиҷаи ҳамлаи мазкур ба камияш 20 одам ҷон бохтанд. Дипломатҳои ҳинд ҳамчунин ба "зарурати иттиҳоди ҷаҳонӣ дар мубориза зидди терроризм" ва "посухгӯии кишварҳое, даъват карданд, ки бо ҳар роҳе аз террористон ҳимоят мекунанд".

Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, ҳадафи ҳамлаи маргталабона шахсоне қарор гирифтанд, ки баъд аз мулоқот бо президенти ин кишвар Ашраф Ғанӣ аз Қасри шоҳии Ҷалолобод берун шудаанд.

Масъулони тандурустии Афғонистон гуфтанд, дар натиҷаи ҳамла 20 нафар захмӣ шуданд, ки 17 танашон намояндагони ақаллияти сикҳ ва ҳинду ҳастанд.

Кормандони сафорати Ҳиндустон ҳамчунин хабар доданд, ки дар ин ҳамла Автар Сингҳ Халса, раиси Шӯрои сикҳҳо ва ҳиндуҳои афғон кушта шуд.

Гуруҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ”, ки дар ин минтақаи Афғонистон хеле фаъол аст, масъулияти ҳамларо бар зимма гирифт.

XS
SM
MD
LG