Ссылки доступа

Қирғизистон тасмим дорад, захираи тилоро бештар кунад


Сомонаи телевизиони Bloomberg хабар дод, "хурдтарин кишвари Осиё тасмим дорад, ки дар ҷанги тиҷоратӣ бо тило мусаллаҳ шавад".

Дар матлаби сомона омадааст, ки барои ҳифзи худ дар бозори асъори Русияву Чин, Қирғизистон тасмим дорад, захираи тилоро аз 16% ба 50% расонанд.

Толкунбек Абдигулов, раиси Бонки миллии Қирғизистон дар мусоҳиба бо сомона гуфт, "қоидаҳои бозӣ тағйир ёфтанд". "Сарфи назар аз он ки мо кадом навъи асъор - доллар, юан ё рублро захира накунем, дар ҳар сурат осебпазир ҳастем, ба ҳамин хотир мо бояд захираи тилоро бештар кунем", - гуфт вай.

Ба гуфтаи Абдигулов, Қирғизистон қодир аст, ки тилои бештар истихроҷ кунад. Нашрия менависад, дар соли 2017 ширкати Centerra Gold дар Қирғизистон дар ҳаҷми 3,4 миллиард доллар тило истихроҷ кардааст.

XS
SM
MD
LG