Ссылки доступа

Додситонӣ талоши баргардонидани дороиҳои Гулнора Каримоваро аз Швейтсария тасдиқ кард


Додситонии кулли Ӯзбекистон тасдиқ кард, ки барои баргардонидани қисме аз дороиҳои марбут ба Гулнора Каримова аз Швейтсария талош дорад.

Сурайё Раҳмонова, сухангӯи додситонии кул иттилоъ дод, музокира бо ҷониби Швейтсария идома дорад.

Додситонии кулли Ӯзбекистон моҳи июли соли гузашта дар бораи сарнавишти дороиҳoи Гулнора Каримова дар сомонаи расмиаш иттилоъ дод.

Пештар аз ин хабар расид, ки вакилони дифои Гулнора рӯзҳои 21-22 июни соли ҷорӣ бо нафари таҳти ҳимояташон дар зиндон мулоқот кардаанд.

Наздики 810 миллион доллари ИМА, ки ба Гулнора Каримова - духтари президенти пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов тааллуқ дорад, дар бонкҳои Швейтсария дар банд мондааст. Расонаҳои Швейтсария 18 июн хабар доданд, додситонии ин кишвар қарор кард, ки 686.7 миллион франки дороии Гулнора ба Ӯзбекистон интиқол дода шавад.

XS
SM
MD
LG