Ссылки доступа

Болтон: ихтилофи назари ИМА ва Русия дар мавриди Қрим ҳифз мешавад


Мушовири Кохи сафед дар умури амнияти миллӣ Ҷон Болтон гуфт, ки мавзуи ғасби ғайриқонунии Қрим аз сӯи Москва дар мулоқоти охири вай бо президенти Русия Владимир Путин баррасӣ шуд.

Болтон, ки рӯзи 27 июн дар Москва бо Путин мулоқот кард, дар мусоҳиба бо телевизиони CBS гуфт, "президент Путин бо ман дар ин мавзуъ ошкоро суҳбат кард. Ман посух додам, ки дар ин масъала мо бояд мавҷудияти ихтилофи назарро эътироф кунем".

Интизор меравад, Путин бо ҳамтои амрикоияш Доналд Трамп 16 июл дар Ҳелсинкӣ мулоқоти муфассал анҷом диҳанд. Трамп 29 июн гуфт, эҳтимол аст, вай Қримро ҳудуди Русия эътироф кунад. Дар посух ба ин суоли рӯзноманигорон, ки пурсиданд, оё вай талошҳои чандинсолаи Кохи сафедро дар мавриди эътироф накардани ғасби Қрим сарфи назар намекунад, Трамп гуфт: "Мебинем".

Болтон гузашт кардани Вашингтонро аз мавқеи пешинаш аз эҳтимол дур донист.

XS
SM
MD
LG