Ссылки доступа

Дастаи Бразилия ба даври чаҳоряк-финал роҳ ёфт


Дастаи мунтахаби Бразилия дар даври ҳаштяк-финали Чемпионати ҷаҳонии футбол тими Мексикаро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод.

Бозӣ дар шаҳри Самараи Русия баргузор шуд. Голи нахустинро дар дақиқаи 51-ум Неймер ва дувумиро дар дақиқаи 88-ум Роберто Фирмино ба ҳадаф расонданд.

Футболбозони бразилӣ дар даври чаҳоряк-финал, ки 6 июл дар шаҳри Қазон баргузор мешавад, бо тими Белгия қуваозмоӣ хоҳанд кард.

Пештар дастаҳои Фаронса ва Уругвай низ ба даври навбатии плей-офф баромада буданд. Бозии онҳо 6 июл дар шаҳри Нижний Новгород баргузор мешавад. Дастаҳои Русия ва Ховартия дар даври чаҳоряк-финал 7 июл дар шаҳри Сочӣ рақобат хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG