Ссылки доступа

Эъломияҳои хидматчиёни давлатии Қирғизистонро месанҷанд


Президенти Қирғизистон Сооронбой Ҷеенбеков ҷаласаи навбатии худро бо кормандони котиботи Шӯрои амнияти миллии ин кишвар баргузор кард. Дар ин бора шуъбаи сиёсати иттилоотии дастгоҳи президент хабар дод.

Ҷеенбеков гуфт, аз 1 июли соли 2018 маъракаи эъломия роҳандозӣ карда шуд ва эъломияҳои даромаду харҷи тамоми хидматчиёни давлатии Қирғизистон, бидуни истисно бояд мушикофона санҷида шавад.

"Ҳар як вазорату идора, тамоми мансабдоронро алоҳида бисанҷед. Боз мегӯям, ки мубориза бо коррупсия бояд бераҳмона ва бидуни хотирбинии сатҳу рутбаи мансабдор бошад. Шаҳрвандон дар робита ба решакан кардани коррупсия иқдоми ҷиддӣ ва чораҳои сангинро мунтазиранд", иқтибос оварда шудааст аз суханони Ҷеенбеков.

Котиби Шӯрои амнияти Қирғизистон Дамир Сагинбоев гуфт, эъломияҳои тамоми хидматчиёни давлатӣ санҷида мешаванд. "Ҳукумат қарореро имзо кард, ки механизми санҷиши эъломияҳоро муайян мекунад. Дар навбати аввал эъломияи афроде санҷида хоҳад шуд, ки мансабҳои сиёсӣ доранд. Аз ҷумла соҳиби курсӣ дар ҳукумат, порлумон ва дастгоҳи президентанд", - афзуд ӯ.

Нахустин натиҷаҳои ин санҷиш моҳҳои сентябр-октябри соли равон эълом хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG