Ссылки доступа

Қарзи хориҷии Қазоқистон коҳиш меёбад


Бонки миллии Қазоқистон (БМҚ) мегӯяд, ҳаҷми қарзи хориҷии ин кишвар коҳиш ёфтааст. Бино ба омори 1 апрели 2018, ҳаҷми қарзи хориҷии Қазоқистон 166,6 миллиард долларро ташкил медиҳад, ки баробар ба 102,2%-и Маҷмуи тавлидоти дохилӣ аст.

Дар семоҳаи аввали соли 2018 қарзи хориҷии Қазоқистон 0,8 миллиард доллар кам шудааст. Ба иттилои БМҚ, қарзҳо дар натиҷаи пардохти вомҳои баъзе аз ширкатҳои тиҷориву давлатии Чин ва поин рафтани арзиши коғазҳои қиматноки қарзӣ дар бозор коҳиш ёфтаанд.

63%-и қарзи хориҷии Қазоқистон ба монанди пешин вомҳои байниширкатӣ, 26% қарзи корхонаҳо аз вомдиҳандагони мустақил, 8% қарзи давлатии хориҷӣ (ҳукумат ва БМҚ) ва 4%-и дигар уҳдадориҳои хориҷии бонкҳо ҳастанд.

Раиси БМҚ Дониёр Акишев моҳи июни соли 2017 хабар дода буд, ки қарзи хориҷии ин кишвар ба 167,9 миллиард доллари амрикоӣ расидааст.

XS
SM
MD
LG