Ссылки доступа

Путин маҳдудияти транзити маҳсулоти Украинаро дароз кард


Русия 2 июл маҳдудияти транзити маҳсулот аз Украина ба Қазоқистону Қирғизистонро шаш моҳи дигар дароз кард. Фармони президенти Русия Владимир Путин дар ин бобат дар портали иттилои ҳуқуқии ин кишвар нашр гаштааст.

Муҳлати маҳдудияти мазкур, ки 30 июн ба поён расид, то 1 январи соли 2019 дубора тамдид шуд.

Русия моҳи декабри соли 2015 як қатор чораҳоеро рӯи даст гирифт, ки дар баъзе бахшҳо муносибатҳои тиҷориро бо Украина комилан манъ мекунанд. Аз ҷумла, дар доираи Иттиҳоди давлатҳои мустақил иҷрои созишномаи минтақаи озоди тиҷорӣ бо Украина қатъ карда шуд. Чораҳои мазкур аз 1 январи соли 2016 ба иҷро даромаданд.

Украина 2 январи худи ҳамон сол ба воридоти навъҳои зиёди маҳсулоти Русия боҷи гумрукӣ дар ҳаҷми аз 1,5 то 19% ҷорӣ кард.

Москва аз 1 январи соли 2016 транзити маҳсулоти Украинаро ба воситаи Русия ба кишвари севум манъ кард. Ба ҳисоби Вазорати рушди иқтисоди Украина, ҳаҷми транзит солона 1,8 миллиард долларро ташкил медод.

Киев мегӯяд, Русия транзити маҳсулоти Украинаро ба воситаи роҳҳои мошингарду оҳани худ пурра манъ кардааст, ки хилофи уҳдадориҳояш дар доираи Созмони ҷаҳонии тиҷорат аст.

XS
SM
MD
LG