Ссылки доступа

Эмомалӣ Раҳмон: "Ришвахорон хоини миллат эълон шаванд" (видео)


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ хост, ки тамаъҷӯӣ ва ришваситонӣ аз саёҳонро бас кунанд, чун ин корашон "хиёнат ба ватан" аст.

Ӯ ҳангоми суханронӣ дар ҳузури раҳбарону фаъолони вилояти Суғд гуфт, "Айб аст, муомилаи бад сайёҳи хориҷиро мегурезонад. Агар минбаъд корманди умури дохила, гумрук, сарҳадбонӣ аз туристҳои хориҷӣ пул меситонанд, ё барои гардиши онҳо монеа эҷод мекунанд, хоини миллат эълон карда шавад ва дар нисбати ӯ ҷазои сангин дида шавад."

"Корманди интизомие, ки ба ин амали номатлуб даст мезанад, аз тариқи ҳамаи шабакаҳо нишон дода шавад. Як корманди тасодуфӣ дар сохторҳо ба ҳамин амали ноҷои худ обрӯи Тоҷикистонро дар миқёси ҷаҳон мерезонад ва кореро мекунад, ки хоинон дар нисбати давлату халқи худ карда истодаанд", - афзуд президенти Тоҷикистон.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, кормандони гумрук, сардорону масъулони гузаргоҳҳои сарҳадӣ муаррифгари фарҳангу одоби миллӣ ба меҳмонону сайёҳон дар дарвозаҳои кишвар ҳастанд ва бояд бомаданият, боодоб ва хушмуомила бошанд.

Муомилаи дурушти маъмурони милиса ва ҳам тамаъҷӯии онҳо аз саёҳон яке аз мушкилоти ҷиддӣ ва пешин дар Тоҷикистон аст. Як моҳ пеш аз ин суханронӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори сайёҳи 34-солаи Руминия Миҳай Сика ба нашр расид, ки дар он видео ошкоро дида мешуд, ӯ ба як нозири роҳ дар даромадгоҳи Кулоб ришва медиҳад ва сипас асабонӣ озими Душанбе мешавад. Баъди ин навор ду афсари милисаро аз мақомашон барканор карданд.

Таджикские гашники вымогают деньги у румынских путешественников
Таджикские гашники вымогают деньги у румынских путешественников

Румынские путешественники в Таджикистане столкнулись с мздоимством "гаишника"
пожалуйста, подождите

No media source currently available

0:00 0:01:55 0:00

XS
SM
MD
LG