Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон аз 15 июл маош, нафақа ва идрорпулӣ баланд мешавад


Дар Ӯзбекистон аз 15 июли соли равон ҳаҷми маош, нафақа ва идрорпулӣ ба ҳисоби миёна, 1,07 баробар баланд хоҳад шуд. Дар ин бора президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 июл фармонеро имзо кард.

Аз ҷумла, ҳадди камтарини маоши якмоҳа, ки ҳоло 17 ҳазору 240 сӯм (ҳудуди 23 доллар) аст, 184 ҳазору 300 сӯм, нафақа 360 460 сӯм (феълан 336 880 сӯм) ва кумакпулӣ 221 190 сӯм (феълан 206 720 сӯм) хоҳад шуд.

Сатҳи маош, нафақа ва идрорпулӣ дар Ӯзбекистон бори охир 1 декабри соли гузашта 1,15 баробар баланд шуда буд.

XS
SM
MD
LG