Ссылки доступа

Сокинони Ишқобод дар ҳавои 47 дараҷа гарм 3 рӯз аст, беобанд


Дар маркази шаҳри Ишқобод, пойтахти Туркманистон сокинони чанд маҳалла се рӯз мешавад, бе об мондаанд. Ба гуфтаи сокинон, интиқоли об ба маҳаллаҳои “Сулҳ-1” ва “Сулҳ-2” шаби 29 июл қатъ шудааст.

Амонмурод Бугаев, шореҳ аз Ишқобод 2 июл гуфт, то ҳол интиқоли об ба маҳаллаҳои мазкур аз сар гирифта нашудааст. Ба гуфтаи ӯ, мақомот тайи ин муддат бо вуҷуди шикояти сокинон онҳоро бо об таъмин накарданд. Ҳарорати ҳаво дар Ишқобод имрӯзҳо 47 дараҷа гарм аст.

Масъулони обу корез қатъ шудани интиқоли об ба сокинонро ба нуқси техникӣ рабт дода, гуфтанд, ки тармимро оғоз кардаанд.

Сокинони маҳаллаи “Сулҳ-2/1” 1 июл гуфтанд, ки нисфирӯзӣ интиқоли об ба хонаҳо аз сар гирифта шуд, вале баъд аз чанд соат дубора қатъ гашт.

Дар низоми зербиноии Ишқободи имрӯза ҷое барои дастрасии ройгони сокинон ба об пешбинӣ нашудааст. Тамоми фаввора ва ҷумакҳои сарироҳии обрасониро дар доираи корҳои тавсеаи шаҳр аз байн бурдаанд. Сокинони Ишқобод дар ин шароит маҷбуранд, мустақилона аз пайи дастрасӣ ба об шаванд.

XS
SM
MD
LG