Ссылки доступа

Кохи сафед: ИМА ғасби Қримро эътироф намекунад


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ғасби Қримро аз сӯи Русия эътироф намекунад ва таҳримҳоро низ то замоне, ки нимҷазира ба ҳайати Украина баргардонида нашавад, бекор нахоҳад кард. Дар ин бора котиби матбуотии Кохи сафед Сара Сандерс иттилоъ дод.

"Мо ба созиш расидем, ки дар ин самт бо Русия созиш накунем", - гуфт Сандерс.

Баҳс атрофи эътироф кардани ғасби Қрим дар ИМА баъди он сар зад, ки Доналд Трамп, президенти Амрико ҳафтаи гузашта дар посух ба суоли ин ки оё Иёлоти Муттаҳида ғасби Қримро эътироф хоҳад кард ё на, посух дод: "Мебинем".

Сандрес низ дар бораи баррасӣ шудан ё нашудани мавзуи Қрим дар саммити пешорӯи Амрикову Русия дар Ҳелсинкӣ чизе нагуфт. Қарор аст, 16 июл дар шаҳри Ҳелсинкии Финландия саммити Русияву ИМА баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG