Ссылки доступа

Дар Туркия даҳҳо фоҳишаи ӯзбекистониро боздошт карданд


Дар ҷараёни як амалиёти вижаи мақомоти Туркия дар шаҳрҳои Болу, Аланя ва Трабзон даҳҳо зани фоҳиша аз Ӯзбекистон боздошт шуданд.

"Занҳои боздоштшударо ба санҷиши тиббӣ бурданд. Баъди санҷиш онҳо ба боздоштгоҳи идораи муҳоҷират интиқол ёфтанд. Баъди депорт шудан, онҳо ҳақ надоранд, ки дар панҷ соли оянда вориди Туркия шаванд", - гуфт Метин Каратош, як корманди мақомоти қудратии шаҳри Болу.

Тамоми иттилоъ дар бораи занҳои боздоштшуда ба сафорати Ӯзбекистон дар Туркия фиристода шудааст. "Занҳои боздоштшуда шиносномаҳои Ӯзбекистонро доранд. Айсара Р. як зани 49-солаи ӯзбек ба фурӯши духтарон машғул буд", - гуфт Маҳмад Топал, як мақомдорои пулиси Аланя.

Як манбаъ аз сафорати Ӯзбекистон дар Туркия ин иттилоъро тасдиқ кард.

"Миёни Туркия ва Ӯзбекистон дар ин самт ҳамкорӣ идома дорад. Сафорат инкор намекунад, ки бархе аз шаҳрвандони Ӯзбекистон дар ин кишвар ба танфурӯшӣ машғуланд. Дар сурати зарурат мо ба ин шаҳрвандон ёрии ҳуқуқӣ хоҳем расонд", - гуфт манбаъ аз сафорат.

XS
SM
MD
LG