Ссылки доступа

Дар Бишкек як зан дар саҳни беморхона таваллуд кард


Дар шаҳри Бишкек, пойтахти Қирғизистон зане дар саҳни таваллудхона кӯдаки худро ба дунё овард.

Тибқи хабарҳо, бинои таваллудхонаи №2 он замон ба далели ҷараён доштани корҳои бозсозӣ баста будааст.

Сардухтури таваллудхона Азамат Олимбоев гуфт, дарди зоиш занро якбора фаро гирифтааст ва бинобар ин ӯ натавонистааст ба бинои беморхона ворид шавад.

"Зоишгоҳи мо ба далели ҷараён доштани корҳои бозсозӣ бастааст. Вале табибон ба зан кумак расонданд. Ҳоло вазъи модару кӯдак муътадил аст", - изҳор дошт сардухтур.

Дар Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфтанд, ки роҷеъ ба ин ҳодиса тафтиши хидматӣ оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG