Ссылки доступа

Дар Ҳелсинкӣ эҳтимол аст, Путину Трамп пушти дарҳои баста суҳбат кунанд


Раҳбарони Русия ва ИМА - Владимир Путин ва Доналд Трамп эҳтимол аст, пеш аз гуфтугӯи худ дар шаҳри Ҳелсинкӣ 16 июл мулоқоти шахсии як ба якеро бе ҳузури ёваронашон анҷом диҳанд. Дар ин бора сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков 3 июл ба рӯзноманигорон иттилоъ дод.

Омодагиҳо ба саммити Ҳелсинкиро котиби давлатии ИМА Майк Пампео ва ҳамтои русаш Сергей Лавров баррасӣ карданд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар бораи вазъи Сурия ва талошҳо барои коҳиши ташаннуҷ дар муносибат бо Куриёи Шимолӣ суҳбат карданд.

Муносибатҳои Москва ва Вашингтон вақтҳои ахир ба номусоидтарин сатҳ расидаанд. Инро ба ишғоли Қрим дар соли 2014, нақши Русия дар задухӯрдҳои шарқи Украинаву Сурия ва дахолати Кремл дар интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 рабт медиҳанд.

2 июл Песков гуфт, президенти Русия омодааст, бо Трамп роҳҳои ба созиш расидан дар робита ба тамоми масоилро ҷустуҷӯ кунад. Ба ҷуз аз Қрим, ки Москва онро ҷузъи қаламрави Русия медонад.

Мақомҳои расмии Амрико дар робита ба дурнамои баррасӣ шудани дахолати Русия ба интихоботи ИМА дар мулоқоти Ҳелсинкӣ чизи мушаххасе намегӯянд. Ба иттилои хадамоти махсуси Амрико, Путин ба дахолат дар интихоботи ИМА дастур додааст. Вале Трамп ин гуна иддаҳоро борҳо танқид кардааст.

XS
SM
MD
LG