Ссылки доступа

Пулиси Остона саҳмдорони гуруснанишинро боздошт кард (видео)


Дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон пулис саҳмдоронеро боздошт кард, ки бо талаби ба поён расонидани сохтмони манзилҳои нотамоми худ ҷамъ омада буданд. Пулис ҳамчунин хаймаҳоеро, ки дар назди сохтмони маҷмааи зисти "Комсомолӣ" насб шуда буданд, барчид.

Сармоягузорони манзилҳои баҳсӣ нимаи дувуми 3 июл гуфтанд, дар эътироз ба амали бинокорон гуруснанишинӣ эълон мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, маҷмааи "Комсомолӣ"-ро мебоист ширкати "Азбука жил" месохт, вале уҳдадориҳояшро иҷро накард. Сипас мақомот иншооти нотамомро дар ихтиёри ширкати "Орда инжиниринг" гузошт. Вале он ҳанӯз ҳам ба истифода дода нашудааст.

Баъд аз як соати эътирози саҳмдорон ба маҳалли ҳодиса кормандони пулис ва намояндагони додситонӣ ҳозир шуданд. Муовини додситони ноҳияи Есили Остона Сергей Смолин ба ҷамъшудаҳо гуфт, амали онҳо "тазоҳуроти бидуни иҷозат" аст ва сипас кормандони пулис эътирозгаронро боздошт карданд. Сокинон гуфтанд, тазоҳурот надоранд ва боздоштҳо ғайриқонунӣ аст, вале касе онҳоро гӯш накард.

Сардори шуъбаи корҳои ҳуқуқиву маъмурии шаҳрдории Остона Исобек Досжан гуфт, сокинон барои баргузор кардани тазоҳурот нахуст бояд аз шаҳрдорӣ иҷозат мегирифтанд. Вай дар шарҳи талаби норозиён афзуд, ки "Шаҳрдорӣ чораандешӣ дорад ва ин масъала ба тадриҷ ҳалли худро хоҳад ёфт. Мо талаби онҳоро ба раҳбарият мерасонем".

Саҳмдорони як чанд сохтмони ширкати "Азбука жил" борҳо гуфтанд, ки раҳбарияти ширкати бинокор онҳоро фиреб додааст. Соли 2012 саронин ин ширкат бо ҷурми азхудкунии пулҳо зиндонӣ шуданд. Баъзе аз сохтмонҳои он нотамом монданд.

Гузориш аз маҳалли ҳодиса:

XS
SM
MD
LG