Ссылки доступа

Дар Шветсия комиш ё секси бе розигии ҷонибҳо ҷиноят шумурда мешавад


Дар Шветсия аз 1 июл қонуни наве ба иҷро даромад, ки комиш ё қаробати ҷинсии бидуни розигии ҳар ду ҷонибро ҷиноят мешуморад.

Зану мард розигияшонро барои амали маҳрамона бояд ба таври шифоҳӣ ё фаҳмо баён кунанд. "Агар ҷонибе розӣ набошад, он ҷиноят шумурда мешавад. Новобаста аз он, ки хушунату таҳдид сурат гирифтааст, ё не", - менависад РБК бо истинод ба нашрияи The Local.

Шветсия даҳумин кишвари Аврупо аст, ки амали маҳрамонаи бидуни розигии ҳар ду ҷонибро таҷовуз эътироф мекунад.

Бунёдгузори лоиҳаи WikiLeaks Ҷулиана Ассанҷро соли 2010 ба таҷовузи ду зан дар Шветсия айбдор карданд. Худи Ассанҷ гуфт, сухан аз ихтиёриёне меравад, ки бо розигии худ бо ӯ амали маҳрамона анҷом доданд ва айбнома ба нашри мукотибаҳои дипломатие дар сомонаи WikiLeaks рабт дорад, ки ҳукумату бузургтарин ширкатҳои як қатор кишварҳоро дар ҳолати ногувор қарор дод.

XS
SM
MD
LG