Ссылки доступа

Донишҷӯёни хориҷии туркманро ба хабаркашӣ моил мекунанд


Ба навиштаи расонаҳои Туркманистон, донишҷӯёни туркманро, ки дар хориҷ аз кишвар таҳсил мекунанд, ба маҳзи ба таътили тобистона баргаштан мақомот ба "суҳбат" даъват карда, аз онҳо талаб мекунанд, ки дар бораи донишҷӯёни дигар маълумот диҳанд.

Як донишҷӯи туркман бо номи Амон, ки дар Туркия таҳсил мекунанд, гуфт, ҳар бор ки ба ватанаш бармегардад, мақомот бо ӯ чунин "суҳбатҳо" анҷом медиҳанд.

"Миёни онҳое, ки дар Туркия таҳсил доранд, шахсони махсусе ҳам ҳастанд, ки сафорат онҳоро гумоштааст. Онҳо дар бораи ҳаёти донишҷӯён ба мақомот хабар мерасонанд", - гуфт Амон.

"Мо ҳоло аз ту чанд суол мекунем, ту росташро бигӯ. Зеро мо дар ҳар сурат ҳақиқатро медонем. Танҳо мехоҳем донем, ки ту "патриот" ҳастӣ ё не. Бо кӣ робита дорӣ? Ту дар хонаи иҷора истиқомат мекунӣ ё дар хобгоҳ? Аз донишҷӯёни туркман киро мешиносӣ? Дар бораи фондҳо ва шахсоне, ки донишҷӯёни туркманро кумак мекунанд, чӣ медонӣ? Донишҷӯёнеро медонӣ, ки бо расонаҳо ҳамкорӣ мекунанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ назар менависанд? Агар миллату ватанатро дӯст дорӣ, бояд ҳарчӣ медонӣ ба мо нақл кунӣ", - нақл мекунад аз ҷараёни бозпурсиаш Амон.

Бархе аз маъмурони амниятӣ гуфтанд, танҳо ҷавононе ба ҳамкорӣ даъват карда мешаванд, ки бо созмонҳои динӣ робита дошта бошанд.

XS
SM
MD
LG