Ссылки доступа

Сементи Тоҷикистонро кӣ фурӯшад -- чиниҳо ё худи тоҷикон?


Ширкати чинии “Ҳуаксин” -- молики чанд корхонаи семент дар Тоҷикистон муваззаф шуд, ки минбаъд тавассути "Хонаи савдо"-и Тоҷикистон ба Ӯзбекистон семент содир кунад.

То кунун ширкати чинӣ мустақилона аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон семент мефурӯхт ва бо боз шудани марзҳову лағви виза, Тоҷикистон мехоҳад, тиҷорати сементро худ ба даст бигирад. Интизор меравад то поёни сол Тоҷикистон ба ин кишвар ним миллион тонна семент содирот кунад.

Ҳамроҳхон Ғаниев, директори “Хонаи савдо”-и Тоҷикистон дар Ӯзбекистон гуфт, онҳо аз ҳамаи ширкатҳо талаб карданд, фурӯши сементро тавассути “Хонаи савдо” ба роҳ монанд. Ширкати “Хуаксин”, бар хилофи хоҳиши коршарикаш ширкати “Ғаюр” худ сементро содир карда фоида мегирифт. Аммо бо истифода аз хуб шудани равобити Тоҷикистону Ӯзбекистон, ширкати “Ғаюр” мехоҳад, худ содироти семент фоида бигирад.

“Мо дар ин бора бо хитоийҳо гуфутугӯ доштем. Онҳо гуфтанд, аз соли 2017 замоне, ки ҳанӯз “Хонаи савдо” вуҷуд надошт бо муштариёнашон дар Ӯзбекистон шартнома бастаанд ва наметавонанд, ҳоло онро якҷониба қатъ кунанд. Муҳлати ин шартномаашон то моҳи декабри ҳамин сол (2018) аст. Ба онҳо гуфтем, ки бо тамом шудани шартнома дигар онро дароз накунанд ва танҳо тавассути “Хонаи савдо” фурӯши сементро ба Ӯзбекистон ба роҳ монанд” - гуфт Ҳамроҳхон Ғаниев.

Ғаниев афзуд, содироти семент бо боз шудани марзҳо дар соли ҷорӣ ба Ӯзбекистон авҷ гирифт ва то поёни сол мизони содироти он аз 500 ҳазор тонна бештар хоҳад шуд. Айни замон Тоҷикистон тавассути ин “Хонаи савдо” дар Тошканд ба Ӯзбекистон танҳо масолеҳи сохтмонӣ содирот мекунад.

XS
SM
MD
LG