Ссылки доступа

Мақомоти тоҷик: "Тундгароӣ кам шудааст, аммо хатар боқист" (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Мақомоти тоҷик: "Тундгароӣ кам шудааст, аммо хатар боқист". Мақомот дар Суғд мегӯянд, ки тундгароӣ дар ҷомеа ва гароиши сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрави динӣ дар солҳои охир коҳиш ёфтааст, вале ҳанӯз ҳам хатарҳои ҷалби сокинон ба мазҳабҳои ғайр ва сафҳои ҳизб ва созмонҳои фаъолияташон мамнӯъ вуҷуд дорад. (видео)

- Дар бадани тифли тоҷик 10 сӯзан ёфтанд. Табибони бемористони Қарияи Боло дар бадани як кӯдаки 9-моҳа 10 сӯзанро ошкор кардаанд ва қотеона таъкид мекунанд, ки кӯдак сӯзанҳоро мустақилона фурӯ набурдааст (видео)

- Афзоиши босуръати аҳолӣ дар Тоҷикистонро як "бомбаи соатӣ" унвон додаанд. Бонки ҷаҳонӣ дар як гузориши тозанашри худ афзоши бо суръати аҳолӣ дар Тоҷикистонро як "бомби соатӣ" унвон кард (видео)

- "Ришвахорон хоини миллат эълон мешаванд". Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз кормандони ниҳодҳои интизомӣ хост, ки тамаъҷӯӣ ва ришваситонӣ аз сайёҳонро бас кунанд, чун ин корашон "хиёнат ба ватан" аст (видео)

- "Агар Путин хоҳад....". Мухлисон ва бозигарон гуфтанд,ки натиҷаҳои Ҷоми ҷаҳон аз кӣ вобаста аст. (видео)

- Осиё: дар Ӯзбекистон мақомот ҳосили кишоварзонро мусодира мекунанд. Дар Қазоқистон автобус чаппа шуд: як кас ҷон бохту ҳашт тани дигар захмӣ шуданд. Дар Ӯзбекистон ҳосили кишти кишоварзонро иҷборан мусодира мекунанд. Дар Қирғизистон нахустин хонаи хатмкунандагони ятимхонаҳо боз шуд. (видеои Настоящее время)​

- Дар вилояти Москва 300 муҳоҷири ӯзбек ба далели Чемпионати ҷаҳонии футбол дар кӯча монданд​. (видео)

- 3 июл дар шаҳрҳои Русия эътирозҳо зидди боло бурдани сини нафақа идома ёфтанд​. (видеои Настоящее время)​

- Чаро сухангӯи "Тазалик" роҳ мерӯбаду гул мешинонад? Жибек Каракеева – сухангӯи ширкати "Тазалик"-и Бишкек. (видео аз Директ)

- Дар Тоҷикистон нозирони роҳ аз байкерҳои Руминия барои ҳаракат бо суръати баланд пора талаб карданд (видеои Настоящее время)

- Пулиси Остона саҳмдорони гуруснанишинро боздошт кард. (видео)

- Ситоди кулли Украина: ба Донбасс беш аз ду ҳазор низомии рус меояд. (видео аз Директ)​

- Мулоқоти Марадона бо ҷавонтарин мухлиси русаш. (видео аз Директ)

- Паноҳандагон дар Майдони сурх. Дар Майдони сурхи Москва мусобиқаи футбол бо иштироки паноҳандагони муқими Русия баргузор шуд. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG