Ссылки доступа

Қазоқистон ба хориҷиҳо барои IT-идеяҳо кору хона ваъда дод


Сарвазири Қазоқистон Боқидҷон Сагинтоев 3 июл ҳангоми суханронӣ дар ҳамоиши Kazakhstan Global Investment Roundtable (KGIR-2018) “омода кардани кадрҳои худиро дар муддати кутоҳ хеле мушкил” номида, ба мутахассисони хориҷӣ барои пешниҳоди фанновариҳои нав ё IT-идеяҳо дар Қазоқистон кору хона ваъда дод.

“Қарз, хона ва ҷойи кор медиҳем. Муҳим он аст, ки онҳо бо идеяҳои худ ба кишвари мо биёянд ва ин идеяҳо ҳамчун маҳсулоти қазоқӣ амалӣ шаванд”, - изҳор дошт Сагинтоев.

Ба гуфтаи раиси ҳукумати Қазоқистон, “вақте дар ҷаҳон муборизае барои ба даст овардани ашхоси боистеъдод идома дорад, мо нишинему чашмони худро пӯшем, хуб нест”.

Бино ба омори Вазорати маориф ва илми Қазоқистон, ҳамасола коллеҷу донишгоҳҳои ин кишварро тақрибан 18 ҳазор донишҷӯ дар риштаи IT ё технологияи иттилоотӣ хатм мекунанд. Вале ба гуфтаи вазорат, онҳо барои иҷрои барномаҳои рақамисозии иқтисоди кишвар кофӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG