Ссылки доступа

Кумитаи Сенат: Кремл талош кард, Трамп пирӯз шавад


Кумитаи иктишофии Сенати ИМА хулосаи бахши иктишофии Амрикоро, ки гӯиё Русия соли 2016 бо ҳадафи мусоидат ба Доналд Трамп дар интихоботи президентии ин кишвар дахолат кардааст, ҷонибдорӣ кард.

“Кумита тақрибан якуним сол корҳои таҳқиқотии бахши иктишофӣ ва манбаъҳоеро омӯхт, ки ба онҳо истинод шудааст ва ниёзеро барои зери шубҳа қарор додани хулосаи бахш намебинад”, - омадааст дар изҳороти раиси кумита Ричард Бёрри ҷумҳурихоҳ.

Вале мавқеи сенаторҳо дар робита ба баҳои ҳамкорони худ дар Кумитаи иктишофии Палатаи намояндагон фарқ мекунад. Як гуруҳи сенаторҳо моҳи марти соли равон бо нашри гузориши худ дар бораи дахолати Русия ба интихоботи президентии ИМА гуфтанд, бахши иктишофӣ, ки дар хулосааш мегӯяд, Москва хоҳони пирӯзии Трамп буд, иштибоҳ кардааст.

Муаллифони гузориш ҳамчунин гуфтанд, иттилои дақиқе мавҷуд нест, ки созиши намояндагони ситоди интихоботии Трампро бо Кремл исбот кунад.

Расонаҳои амрикоӣ мегӯянд, гузориши кумитаи сенат метавонад, фазои мулоқоти раҳбарони Русия ва ИМА-ро, ки қарор аст, 16 июл дар шаҳри Ҳелсинкӣ баргузор шавад, халалдор кунад. Сенаторҳо бо хулосаи бахши иктишофӣ розӣ шуданд, ки гӯиё хадамоти махсуси Русия бо дастури шахсии президент Владимир Путин ба Трамп кумак карданд.

XS
SM
MD
LG