Ссылки доступа

Се марзбони тоҷик барои "асир" афтодан ба дасти қирғизҳо танбеҳ гирифтанд


Тоҷикистон се марзбонро, ки аввали моҳи июн натавонистанд аз худ дифоъ кунанд ва ба дасти сарҳадбонҳои Қирғизистон "асир" афтида, халъи силоҳ шуданд, муҷозот кард. Ҳодиса дар марзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови Тоҷикистон бо Лайлаки Қирғизистон рух дода буд.

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон 3 июл ба шарти фош нашудани номаш гуфт, "сарҳадбонҳои тоҷик набояд ба "асорат"-и худ иҷозат медоданд". "Ин тасмим пас аз санҷиши қазия дар марз гирифта шуд. Суоли аслӣ аз се марзбон ин буд, ки чаро иҷоза доданд, сарҳадбонони қирғиз онҳоро гирифта, бо худ бубаранд?" - гуфт ӯ.

Санҷиши мақомоти тоҷик нишон додааст, ки се сарҳадбони тоҷик баъди дастгир ё “асир” афтодан аз тарафи ҳамтоёни қирғизи худ латту кӯб низ шудаанд. Манбаъ гуфт, марзбонони тоҷик танҳо пас аз гузашти тақрибан 5 соат ва дахолати мақомоти баландпояи марзбонии кишвар аз боздошт раҳо шуданд.

Моҷарои дастгир шудани марзбонони тоҷик аз тарафи сарҳадбонони қирғиз 4 июн пас аз он рух дод, ки ду шаҳрванди Қирғизистон хостанд, ба Тоҷикистон ворид шуда, молу колояшонро ба фурӯш гузоранд. Марзбонҳои тоҷик монеи онҳо шуданд. Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон 5 июн дар сар задани низоъ ҷониби Қирғизистонро айбдор карда, гуфт, ҳам сокинон ва ҳам марзбонони ин кишвар боиси рух додани моҷаро шуданд.

Пас аз ин ҳодиса мақомоти марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам мулоқот карда, ба созиш расиданд, ки аз ин ба баъд дар муноқишаҳои марзӣ миёни ду кишвар аз силоҳ истифода карда нашавад.

XS
SM
MD
LG