Ссылки доступа

Пулиси Қирғизистон хабари кӯдакрабоиро рад мекунад


Пулиси Қирғизистон хабар медиҳад, ки дар ҳудуди шаҳри Ӯши ин кишвар ҳеч кӯдаке дар ҷустуҷӯ қарор надорад.

"Ҳамаи кӯдакони роҳгумкарда ва ё аз хона берунрафта ба волидонашон баргардонида шудаанд", - хабар медиҳад пулис.

Чунин иттилоъро пулиси шаҳри Ҷалолобод ҳам паҳн кард.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасони WhatsApp чанд рӯз аст, ки хабари кӯдакрабоӣ нашр мешавад. "Миёни онҳо намояндаҳои миллатҳои гуногун ҳастанд. Чунин кӯдакон садҳо нафаранд", - садо медиҳад дар паёми аудиоии шабакаҳои иҷтимоӣ.

Пулис мегӯяд, афроди ношинохта бо ҳадафи ваҳшатафканӣ миёни мардум чунин хабарҳоро нашр мекунанд.

XS
SM
MD
LG