Ссылки доступа

Саҳмдорони гуруснанишини Остонаро ҷарима карданд


Дар Остона саҳмдороне, ки 3 июл дар эътироз ба нотамом мондани сохтмони манзилҳояшон дар маҷмаи "Комсомолӣ"-и шаҳр гуруснанишинӣ эълом карданд, ҷарима шуданд.

Ба гуфтаи саҳомдор Гулнора Қосимова, иштирокдорони иқдоми эътирозӣ Динора Сабдинова ва Светлана Абулқосимова вазифадор шуданд, ки 48 100 тангаӣ (140 долларӣ) ҷарима пардозанд. Онҳо ба нақзи қонуни ташкил ва баргузории ҷамъомаду тазоҳуроти осоишта айбдор шуданд. Ду иштирокдори дигар Саула Тазеханова ва Гулмира Смагулова огоҳӣ гирифтанд.

Ёдрас мешавем, як гуруҳи сокинони Остона бо талаби ба поён расондани сохтмони манзилҳояшон дар назди маҷмааи "Комсомолӣ" ҷамъ шуданд. Ба гуфтаи онҳо, маҷмааи "Комсомолӣ"-ро мебоист ширкати "Орда инжиниринг" то моҳи декабри соли гузашта мавриди истифода қарор медод, вале то ҳол сохтмони он ба поён нарасидааст.

Саҳмдорони норозӣ, ки дар назди маҷмаа ҷамъ омада буданд, дар даст лавҳаҳо низ доштанд. Вале баъд аз чанд соат ба маҳалли эътироз кормандони пулис ва додситонӣ ҳозир шуда, онҳоро боздошт карданд.

XS
SM
MD
LG