Ссылки доступа

"Қазоқистони нав": дар ИМА "интиқоли қудрат"-ро баррасӣ кардем


Намояндагони Анҷумани "Қазоқистони нав" 4 июл дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Алмато гуфтанд, дар ҷараёни сафари ахири худ ба ИМА "интиқоли қудрат" дар Қазоқистон ва озодии баёнро баррасӣ карданд.

Сиёсатшинос Расул Жумалӣ гуфт, чанд намояндаи анҷуман бо аъзои конгресси ИМА, мақомҳои расми Департаменти давлатӣ ва рӯзноманигорони амрикоӣ мулоқот карданд. Ба гуфтаи ӯ, иштирокдорони анҷуман "интиқоли қудрат" дар Қазоқистон, озодии баён, амнияти иттилоотиро баррасӣ ва масъалаи баҳои байналмилалӣ додан ба Гуруснагии аввали солҳои 1930-ум дар Қазоқистонро матраҳ карданд.

Аъзои "Қазоқистони нав" бори дигар гуфтанд, ки анҷумани онҳо "тарҳи ҳукумат" нест ва зидди бонкири пешин ва мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов, ки дар хориҷ ба сар мебарад, мубориза нахоҳанд бурд.

Иштирокчиёни нишаст - сиёсатшиносон Амирҷон Косанов, Дос Кошим, Расул Жумалӣ ва Айдос Сарим дар бораи "ишғолгариҳои Чин дар иқтисоди Қазоқистон" низ суҳбат карданд.

Ба гуфтаи Косанов, анҷуман 3 июл бо ирсоли як нома аз сарвазири Қазоқистон хост, дар бораи 51 истеҳсолоте, ки қарор аст, Остона замин ҷудо кунаду Чин онҳоро ба Қазоқистон биорад ва таъсири экологии ширкатҳои чинӣ ба муҳити зист маълумот диҳад. "Зидди тарсондани Чин ҳастем. Мо бо ҷонибдорӣ аз муносибатҳои ҳусни ҳамҷиворӣ ва ҳамкориҳо масоили кишварро матраҳ мекунем", - изҳор дошт ӯ.

XS
SM
MD
LG