Ссылки доступа

Бозгашт ба СССР? Нархи 16 маҳсулот дар Тоҷикистон давлатӣ шуд


Дар Тоҷикистон минбаъд нархи 16 маҳсулоти ниёзи аввали мардумро мақомот таъйину танзим хоҳанд кард. Танзими давлатии нархҳо бо як қарори ҳукумати Тоҷикистон ҳатмӣ шудааст.

Масъулони Хадамоти зиддимонополӣ гуфтанд, ки қарор "ба хотири ҳимояти иҷтимоии аҳолӣ аз баландравии нарх" содир гардид.

Президент Эмомалӣ Раҳмон зери ин қарор имзо гузошта ва Хадамоти зиддимонополии Тоҷикистон масъули иҷрояш шудааст. Тибқи қарор, нархи ин 16 навъи "маҳсулоти аз ҷиҳати иҷтимоӣ зарурӣ" таҳти танзими давлатӣ қарор мегирад: орд (навъҳои 1 ва 2), нон (аз орди навъҳои 1 ва 2), маҳсулоти макаронӣ, гандум, биринҷ, картошка, сабзавот: сабзӣ, пиёз, карам; қанди сафед, шакар, равғани растанӣ: равғани пахта, офтобпараст ва маска; маҳсулоти ширӣ: шир, кефир, қаймоқ, сметана, творог; наск, нахуд, марҷумак, кашк, ярмаи ҷав; гӯшт: гӯшти гов, гӯшти гусфанд, гӯшти мурғ; тухми мурғ, амак, чой, ғизои кӯдаконa.

Ҳукумати Тоҷикистон борҳо ҳангоми ҷаҳиши нархи баъзе аз маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла гӯшт, талош кардааст, ки нархи онро ба эътидол биорад. Аммо ин талошҳои давлат чандон муваффақ набуда, баъзан боис ба камчинии гӯшти хушсифат ва ба пинҳонкорӣ гузаштани қассобҳо шудааст. Тоҷикистон ҳамакнун пас аз 25 соли озод эълон кардани нархи молу маҳсулот, дубора ба таҷрибаи танзими нархи маводи озуқа баргашт. Девони вазирони Тоҷикистон 8-уми январи соли 1993 бо қабули қарор "Дар бораи озодии нархҳо" давлатро аз масъулияти таъйин намудани нархҳо дар бозор озод намуда буд.

XS
SM
MD
LG