Ссылки доступа

Қарзи Туркманистон аз Белорус ба $43 миллион расид


Қарзи ширкатҳои Туркманистон дар назди Белорус тайи семоҳаи аввали соли 2018 шаш баробар афзоиш ёфта, ба 85 миллион рубл (ҳудуди 43 миллион доллар) расидааст. Дар ин бора расонаи “Хартия97” бо истинод ба Бонки миллии Белорус иттилоъ додааст.

Ба навиштаи расона, бузургтарин тарҳи хориҷии бинокорони Белорус - корхонаи маъдани Гарлики Туркманистон аст, ки бо нокомӣ анҷомид. Расона мегӯяд, рӯзноманигорон хариди давлатии Белорусро барои тарҳи Гарлик таҳлил карда, ношаффофиеро дар харидории масолеҳи сохтмонӣ ошкор карданд.

Барои намуна, “Белгорхимпром” як тонна хокаи металли купершлакро 190 доллар харидааст. Дар ҳоле ки он дар Русия ду баробар арзонтар аст. Дар натиҷа маблағи хариди маводи мазкур ба ҷои 30 ҳазор, 90 ҳазор доллар шудааст.

Корхонаи маъдани Гарлик бо фармоиши ширкати давлатии “Туркманхимия” дар шарқи Туркманистон бунёд шуда, 31 марти соли 2017 бо иштироки раҳбарони ин кишвару Белорус – Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ва Александр Лукашенко ифтитоҳ шуд. Ба огаҳии ҳукумати Туркманистон, ин корхона бо 1 миллиард доллари буҷаи ин кишвар бунёд гаштааст.

Созишномаи бунёди комбинати куҳии тозакунии маъдани Гарлик соли 2009 имзо шуда буд. Маблағи сохтмони ин комбинат бо иқтидори истеҳсоли 1,4 миллион тонна поруҳои калийдор дар сол як миллиард долларро ташкил дода, он бояд то соли 2015 ба истифода дода мешуд. Вале ба далели ихтилофи назарҳо миёни ду кишвар ду сол баъд боз шуд.​​

XS
SM
MD
LG