Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон филми "Делбирим"-ро аз рӯи повести Айтматов сабт мекунанд


Дар деҳаҳои Нанай ва Говаи вилояти Намангони Ӯзбекистон сабти филми "Делбирим" ("Тополек мой в красной косынке") аз рӯи повести нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов шуруъ шуд. Дар ин бора Паризод Жакипбекова, филмсози қирғиз иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вай, идомаи филм дар вилояти Тошканд ва дар Иссиқкӯли Қирғизистон сабт мешавад. "Марҳила ба марҳила сабт мекунем. Тибқи нақша пеш меравем. Ҳарду бозигари мо хуб нақш меофаранд. Коргардон аз нақшофарии онҳо қонеъ аст", - гуфт Жакипбекова.

Нақшҳои асосӣ - Илёс ва Байтемирро бозигарони ӯзбек Адиз Раҷабов ва Улуғбек Қодиров меофаранд. Нақши Асал ва Хадичаро - бозигарони қирғиз Мадина Талипбек ва Элина Абай қизӣ бозӣ мекунанд.

Сюжаи филм дар асоси повест сохта мешавад, аммо ҳодисаҳо гӯё дар замони мо сурат мегиранд. Нахустнамоиши филм дар рӯзи таваллуди Чингиз Айтматов - 12 декабр баргузор хоҳад шуд.

Ҷониби Қирғизистон пешниҳоди ҳамкорӣ кард ва ҷониби Ӯзбекистон бо қабули ин пешниҳод таҳияи филми "Делбирим"-ро рӯи даст гирифт. Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев низ барои таҳияи ин филм кумак мерасонад.

XS
SM
MD
LG