Ссылки доступа

Дар сӯхтори НФС шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон ҷароҳат бардоштанд (видео)


Дар сӯхтори як Нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ (НФС) дар ноҳияи Лайлаки Қирғизистон чаҳор одам ҷароҳат бардошт.

Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Қирғизистон мегӯяд, яке аз онҳо шаҳрванди Қирғизистон ва се тани дигар шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Сӯхтор соати 20-30 дақиқаи рӯзи 4 июл сар зад.

Ин НФС дар наздикии марзи Тоҷикистон воқеъ аст ва дар хомӯш кардани оташ мақомоти тоҷик низ ёрӣ расониданд. Маҷруҳон дар бемористон бистарӣ ҳастанд.

Дар натиҷаи сӯхтор 9 мошини боркашу сабукрав низ оташ гирифт. Сабабҳои сӯхтор мушаххас карда мешавад.

XS
SM
MD
LG