Навори ҳодиса 4 июл ба дасти Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ расид. Дар робита ба он додситонии вилояти Самарқанд парванда боз кардааст. Дар навор дида мешавад, зани тахминан 35-сола таҳти фишори марде либосҳои худро як ба як мекашад. Вале чеҳраи ӯ нишон дода намешавад.
Ҳамзамон садои марди дигаре низ шунида мешавад, ки як занро бо қабеҳтарин алфоз дашном дода, маҷбур дорад, то либосҳои худро кашад. Зан ҳарчанд хоҳиш мекунад, ки ин корро накунанд, вале дар посух дашномҳои қабеҳ мешунавад. Марде ба яке аз занҳо дастур медиҳад, тани урён ба кӯча барояд.
Ба гуфтаи як корманди ҳифзи ҳуқуқи ӯзбек, ки ин наворро ба радио фиристод, ҳодисаи мазкур 3 июн дар роҳрави бинои шуъбаи пулиси Каттақурғон рух дода, кормандони пулис занонро бо гумони дуздии пул дар бозори маҳаллӣ боздошт кардаанд. Вале ҳангоми бозҷӯӣ ва кашидани либосҳояшон пуле пайдо нашудааст.
Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, марде, ки занро ба кашидани либосҳояш маҷбур мекунад, муфаттиши шуъба Санат Умаров аст. Наворро низ худи ӯ сабт кардааст. “Баъд аз чанд лаҳза видеои таҳқири занон дар миёни кормандони шуъба паҳн мешавад”, - афзуд ӯ.
Санат Умаров дар суҳбати телефонӣ рад накард, ки занонро ба кашидани либосҳояшон маҷбур накардааст. “Ман аз онҳо узр пурсидам. Додситонии вилояти Самарқанд дар робита ба ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Занҳо ба додситонӣ шикоят кардаанд. Парванда баъд аз омӯзиш ба додгоҳ ирсол мешавад”, - изҳор дошт ӯ.
Муфаттиши шуъбаи пулиси Каттақурғон гуфт, бо вуҷуди идома доштани тафтиши ҳодиса, ҳоло дар мақомаш ифои вазифа мекунад.