Ссылки доступа

Сокинони Тоҷикистон дубора ба "ов"-у "вич" рӯ меоранд, чаро?


Бозгашти афзоянда ба пасванди русии “ов”-у “вич” ва “ова”-ю “овна” дар насаби сокинони Тоҷикистон мақомотро маҷбур кардааст, ки ноҳия ба ноҳия гашта, сабабҳои ин равандро таҳқиқ намоянд.

Намояндагони Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон мегӯянд, пас аз омӯзиши “даст кашидани баъзе сокинон аз номгузории миллӣ” ба ҳукумат хулосаи худро пешниҳод хоҳанд кард.

Абдураҳим Зулфониён, сардори шӯъбаи танзими Кумитаи забон ва истилоҳот 4 июл гуфт, таҳқиқи онҳо дар чанд ноҳияи кишвар нишон дод, ки асосан муҳоҷирон дар Русия мехоҳанд пасванди “зода”-ву “иён”-ро бо “ов”-ву “ова” иваз кунанд. Ба гуфтаи ӯ, “чунин тамоюл дар тамоми ноҳияҳо ба чашм мерасад, ки мояи нигаронии ҷиддӣ аст”.

Дар пойтахт, дар шаҳри Душанбе, ҳам айни тамоюл мушоҳида мешавад ва онро мақомоти Идораи сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (ЗАГС) тасдиқ мекунанд. Саёҳат Достизода, мудири бахши сабти асноди шаҳрвандии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, рӯзи 4-уми июл гуфт, воқеан, тамоюли мазкурро дар вақтҳои охир мушоҳида кардаанд.

“Вақте як шаҳрванди Тоҷикистон барои иваз кардани насабаш ба русӣ меояд, нороҳат мешавем. Ҳисоби оморӣ надорем, вале чунин муроҷиатҳо хеле зиёд шудааст”, - афзуд Достизода.

Аммо ӯ гуфт, тағйири ном ва гузаштан ба пасванди русӣ наметавонад, зиндагии касеро дар Русия осонтар кунад: “Садҳо сокини Тоҷикистон бо ному насаби тоҷикӣ шаҳрвандии Русияро гирифтаанд. Мутаассифона, як қисми шаҳрвандон дар Русия дучори мушкил мешавем гуфта, номашонро бо пасвандҳои русӣ мекунанд.”

Ба назари таҳлилгарон, сабаби аслии афзоиши пасванди русӣ ба муҳим надонистани арзишҳои миллӣ, ниёзҳои иқтисодӣ ва мушкилоти иҷтимоист, ки мардум доранд. Ба гуфтаи онҳо, хонаводаҳое, ки фақат аз ҳисоби муҳоҷирати корӣ рӯз мебаранд, намехоҳанд, аз “як луқма ноне”, ки онҷо ба даст меояд, маҳрум шаванд.

XS
SM
MD
LG