Ссылки доступа

Мирзиёев барои ширкат дар ҷашни 20-солагии Остона ба Қазоқистон рафт


Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 5 июл бо даъвати ҳамтои қазоқаш Нурсултон Назарбоев ба Қазоқистон рафт. Дар ин бора Комил Алламҷонов, сухангӯи президенти Ӯзбекистон дар Фейсбук хабар дод.

"Роҳбари давлат 6 июл дар чорабиниҳои бахшида ба солгарди 20-уми таъсисёбии шаҳри Остона ширкат мекунад. Мулоқоти дуҷонибаи вай низ бо ҳамтои қазоқаш дар назар аст", - навишт Комил Алламҷонов.

Дар Қазоқистон соли 2018 соли Ӯзбекистон эълон шудааст. Ӯзбекистон низ соли 2019-ро соли Қазоқистон эълон кард.

Дар соли 2017 гардиши мол миёни ду кишвар 8,6% боло рафта, аз марзи 2 миллиард доллар гузашт. Дар ҳоли ҳозир дар Ӯзбекистон 281 корхонаи муштарак бо сармояи Қазоқистон фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG