Ссылки доступа

CNN: Трамп ҳамлаи мусаллаҳонаро ба Венесуэла аз эҳтимол дур намедонист


Доналд Трамп, президенти ИМА бо мушовиронаш дар бораи истифодаи нерӯ зидди ҳукумати худкомаи Венесуэла машварат кардааст. Дар ин бора телевизиони CNN бо такя ба як мақомдори дастгоҳи президенти ИМА хабар дод.

Ин масъала дар як ҷаласаи бахшида ба таҳримҳои иқтисодии ИМА зидди Венесуэла дар моҳи августи соли гузашта дар Кохи сафед баррасӣ шудааст. Ёварони президент ӯро аз ҳамлаи низомӣ манъ кардаанд.

"Ҳеч нақшаи амалиёт вуҷуд надошт. Призедент танҳо фикрашро дар бораи роҳҳои танзими масъалаи гурезаҳо баён кард", - хабар дод манбаи CNN.

Як рӯз баъд аз ҷаласаи мавриди зикр Трамп дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфта буд, ки гузинаи ҳамлаи низомиро ҳамчун роҳи ҳалли буҳрони Венесуэла "зери болин пинҳон намекунад". Моҳи сентябри соли гузашта Трамп бо чанде аз роҳбарони Амрикои Лотинӣ дар Ню-Йорк мулоқот кард. Ҳамаи онҳо ҳамлаи низомиро рад карда буданд.

XS
SM
MD
LG