Ссылки доступа

Вакилони дифои Исоев талош доранд, ӯ ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шавад


Вакилони дифои вакили порлумони Қирғизистон Канатбек Исоев аз муфаттишон ва додситон дархост карданианд, ки ҳукми ҳабси шахси зери ҳимояи онҳоро тағйир диҳанд. Дар ин бора вакили дифои Исоев - Сергей Слесарев иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, онҳо талош доранд, Исоев ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шавад. "Дар тамоми марҳалаҳо ин имкон дорад. Вале ҳоло фикр мекунам, ки аввал мо бояд ба муфаттишон ва Додситонии кул муроҷиат карда, дархост кунем, ки ин масъаларо баррасӣ кунанд", - гуфт ӯ.

Зидди Канатбек Исоев ду парванда боз шуда буд. Ӯ 30 сентябри соли 2017 дар омодагӣ ба "ғасби ҳукумат" айбдор ва боздошт гашт. Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек 5 июл шикояти вакили дифои Исоевро қабул карда, парвандаро ба баррасии дубора фиристод.

Парвандаи дувумие, ки зидди Исоев дар робита ба фаъолияташ ҳамчун шаҳрдори Токмак боз шуда буд, қатъ гашт.

XS
SM
MD
LG