Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон 3 шаҳрванди Украина ҳангоми кӯшиши ғорати бонк боздошт шуданд


Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон мегӯяд, се шаҳрванди Украинаро боздошт кардааст, ки дар ғорати бонки хусусии тиҷории Orient Finans Bank дар шаҳри Тошканд гумонбаранд.

Ба огаҳии вазорат, шаҳрвандони Украина 16 май вориди Тошканд шуданд. Онҳо дар Orient Finans Bank қуттии депозитиеро боз карда, низоми кори бонку муҳофизати онро хуб омӯхтаанд.

"Гумонбарон замоне боздошт шуданд, ки мехостанд бо кумаки дастгоҳи махсуси аз Қирғизистон дастраскардаашон қуттиҳои депозитии бонкро пинҳон кунанд", - омадааст дар иттилоия.

Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Бино ба омори соли 2017, сармояи бонки Orient Finans Bank 1,5 триллион сӯмро ташкил дода, 80%-и саҳмияҳои бонк хусусиянд.

Мудири Orient Finans Bank Рустам Парпиев, писари раиси пешини Кумитаи андози Ӯзбекистон Ботир Парпиев ва домоди раиси пешини Кумитаи амнияти ин кишвар Рустам Иноятов аст.

XS
SM
MD
LG