Ссылки доступа

Назарбоев: "Остона бояд маркази асосии молии минтақа гардад"


Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар расми ифтитоҳи Маркази байналмилалии молии "Остона" (МБМО) дар пойтахти кишвараш, ки бо ташаббуси ӯ таъсис ёфт, иштирок кард.

Назарбоев ҳангоми суханронӣ дар чорабинии мазкур гуфт, "ифтитоҳи ин маркази молӣ қадами муҳими рушди устувору мунтазами иқтисод аст". Ба гуфтаи ӯ, намунаи қазоқии маркази молӣ "беҳтарин таҷриба"-и фаъолияти майдонҳои ҷаҳонии тиҷорӣ хоҳад шуд.

Президенти Қазоқистон аз соҳибкорони дохилӣ ва хориҷӣ даъват кард, ки дар кори марказ иштирок кунанд. Вай гуфт," Остона бояд маркази асосии молии минтақа шавад".

МБМО дар арафаи Рӯзи пойтахти Қазоқистон боз шуд, ки ҳамасола дар рӯзи зодрӯзи президент Назарбоев таҷлил мешавад. Таъсиси МБМО-ро худи Назарбоев соли 2015 пешниҳод карда буд. Марказ дар биное ҷойгир хоҳад шуд, ки барои намоишгоҳи EXPO-2017 дар Остона бунёд шуд.

XS
SM
MD
LG