Ссылки доступа

Президенти Радио Озодӣ Том Кент: "Мақомоти Русия ба фаъолияти мо монеъ мешаванд"


Дар Русия дафтари Радиои Озодӣ дар Маскавро бо иттиҳоми “риоят накардани қонуни матбуот, ки расонаҳои хориҷиро “маъмури хориҷӣ” меномад, ҷарима бастанд.

Додгоҳи ноҳияи Тверской дар Маскав рӯзи 5-уми июл амр дод, ки Радиои Озодӣ 100 000 рубл ва ё 1600 доллар ҷарима пардозад ва дархости вакили дифои радио барои ба таъхир андохтани мурофиаро рад кард.

Радиои Озодӣ гуфт, масъалаҳои ҳуқуқии ин амри додгоҳро баррасӣ мекунад, чун дар ниҳоят мумкин аст, ба зидди Радиои Озодӣ ва кормандони он дар Русия парвандаи ҷиноӣ боз кунанд ва корашро ба ҳам бизананд.

Томас Кент, мудири Радиои Озодӣ гуфт, амри додгоҳ “шиддат гирифтани амалкардҳои Русия барои фалаҷ кардани кори радио ва барангехтани шубҳа дар бораи хабарнигорони Радиои Озодӣ аст."

Ҳашт моҳ пештар аз ин амр вазорати адлияи Русия Радиои Озодӣ, Садои Амрико ва чанд расонаи дигарро “маъмури хориҷӣ” унвон дод. Чунин унвонгузорӣ баъди он шурӯъ шуд, ки Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия моҳи ноябри соли гузашта зери қонуне имзо гузошт, ки ба мақомот иҷоза медиҳад, расонаҳоеро, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд, “маъмури хориҷӣ” унвон диҳанд. Кишварҳои ғарбӣ ва ҳомиёни ҳуқуқ ин қонуни Русияро сахт танқид карданд.

Томас Кент, мудири Радиои Озодӣ гуфт, аз аввал чунин ба назар мерасид, ки санади мазкур ангезаҳои сиёсӣ дорад. “Дар миёни тамоми расонаҳое, ки дар Русия кор мекунанд, танҳо матбуоте, “матбуоти маъмури хориҷӣ” унвон гирифт, ки аз тарафи Конгресс маблағгузорӣ мешавад. Мо чунин мешуморем, ки ҳадафи ин қонун махсус мо ҳастем. Қонунҳои Амрико ба мо ҳаққи истиқлол дар кори эҷодиро додааст. Ин назар, ки мо маъмури кадом ҳукумате ҳастем, беасос аст. Онҳо то кунун ба тавоноии мо дар ҷамъоварии хабар асари манфӣ гузоштанд ва кор барои кормандони мо дар онҷоро хатарнок мекунанд” гуфт, Том Кент.

Мақомоти Русия гуфтаанд, ки қабули ин қонун “посухи ҳамвазн” ба амалкарди Амрико аст, ки соли гузашта аз телевизиони Русияи имрӯз (RUSSIA TODAY) хост, бар асоси Қонуни маъмурони хориҷӣ, як санади 80 соли пеш дар Амрико худро ба ҳайси “маъмури хориҷӣ” сабти ном кунад. Ин санадро барои пешгирӣ аз тарғиботи фашизм қабул карда буданд.

Телевизиони Русияи имрӯзро ки ҳоло “RT” ном дорад, мақомоти Амрико ба дурӯғпароканӣ муттаҳам кардаанд. Ба гуфтаи мақомоти Амрико, қонуни ин кишвар аз санади Русия фарқ мекунад ва ҳадафи Маскав аз қабули чунин санаде хомӯш кардани дигарандешон ва монеъ шудан ба гуногунандешӣ аст.

XS
SM
MD
LG