Ссылки доступа

Дар Ишқобод дастрасӣ ба интернет мушкил шуд


Корбарони интернет аз шаҳри Ишқободи Туркманистон хабар медиҳанд, ки дастрасӣ ба ин навъи алоқа мушкил шудааст.

"Дар Ишқобод интернет комилан қатъ шуд. Вазъ дар минтақаҳо чӣ гуна аст, тасвир кардан номумкин аст. На танҳо бад, балки барои як моҳ 50 доллар арзиш дорад, ки хеле гарон ҳам ҳаст", - гуфт як сокини Ишқобод.

Сокинон бовар доранд, ки мақомот дар паст кардани сифати интернет даст доранд.

Ба зами сифати пасти интернет, дар Туркманистон шабакаҳои иҷтимоӣ ва чанд расонаи хабарии байналхалқӣ масдуд шудааст.

XS
SM
MD
LG