Ссылки доступа

Ӯзбекистон воридоти молро аз Тоҷикистон маҳдуд кард (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ӯзбекистон воридоти молро аз Тоҷикистон маҳдуд кард. Баъди боз шудани марзи Тоҷикистону Узбекистон ва додугирифтҳои пуршӯру ғавғои тоҷирони ду тараф дар моҳи марти имсол, гузаргоҳҳои марзӣ сокит шудааст. Яке аз онҳо гузаргоҳи "Дӯстӣ"-и шаҳри Турсунзода, 75-километрии Душанбе аст (видео)

- Ёдбуди Мӯъмин Қаноат дар Душанбе. Маҳфили ёдбуди Мӯъмин Қаноат рӯзи 5-уми июл дар бинои Иттифоқи нависандагон бо ҳузури аҳли илму адаби кишвар ва ҳаводорону шефтагони ашъори ӯ, баргузор шуд. Ин шоири тавонои тоҷик рӯзи 18-уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе даргузашт ва дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд (видео)

- Нахустин сабқати духтарони футболбози тоҷик. Зиддияти модар, роҳи дур, харҷи зиёд ва мушкилоти дигар ҳам натавонист пеши роҳи амалишавии орзуи як духтари 19-солаи тоҷикро, ки акнун яке аз футболбозони фаъол аст, бигирад (видео)

- Роналдо: Бразилия чемпион мешавад. "Гирифтани ҷоми ҷаҳон ба вазифаи муҳими давлатӣ табдил меёбад"-мегӯяд Дарио Родригес. (видео)

- Осиё: соми қирғизӣ дар радифи панҷ пули боқурбтарини кишварҳои пасошӯравӣ​. (видеои Настоящее время)​

- Пойтахти Қазоқистонро 10 сол пеш чи гуна сохтанд. (Видео)​

- Заҳролудшавии дувум аз "Новичок": ҷуфте аз Эймсберӣ бистарӣ шуданд. (видеои Настоящее время)

- Сапарбек Омурзаков орзу дорад, садҳо муҳоҷирро ба ватан баргардонад.Сапарбек Омурзаков баъд аз се соли зиндагӣ дар ИМА ба ватан баргашт. Ӯ мехоҳад, ба ҳамватанонаш забони хориҷӣ ё касберо омӯзонад. (видео)​

- Дар вилояти Москва наздики 300 муҳоҷири ӯзбек бо айби ҶҶ-2018 дар кӯча монданд (видео)

- Чаро котиби матбуотии "Тазалик" кӯча мерубад ва гул мешинонад (видео аз Директ)

- Эҷодиёт пушти панҷара. Сентсов фаъолияти коргардониашро идома медиҳад.53-умин рӯзи гуруснашинии Олег Сентсов (видео аз Директ)

- Иштибоҳҳо дар майдони футбол, ки барои ҳаёт хатар доранд. (видео аз Директ)​

- Ташаббуси Вазорати меҳнат дар бораи даромади ҳадди ақали нафақахӯр чи паёмаде хоҳад дошт. Вазорати меҳнати Русия пешниҳод кард, тартиби таъйини даромади ҳадди ақали нафақахӯр тағйир дода шавад. (видеои Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG