Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон муҳлати истифодаи шиносномаҳои куҳна тамдид шуд


Ҳукумати Ӯзбекистон муҳлати истифодаи шиносномаҳои куҳнаро дар ҳудуди ин кишвар то ба 31 декабри соли 2019 дароз кард. Дар ин бора 30 июн қароре имзо шудааст.

Вазорати адлияи Ӯзбекистон дар Telegram гуфт, шиносномаҳои куҳнаи ғайрибиометрии ӯзбекӣ дар хориҷ аз ин кишвар то муҳлате эътибор хоҳанд дошт, ки дар санад нишон дода шудааст.

Дар Ӯзбекистон додани шиносномаҳои биометрӣ аз моҳи ноябри соли 2011 оғоз шуд. Бояд тамоми шиносномаҳо то охири соли 2015 иваз мешуданд. Вале ин муҳлат то ба 1 июли соли 2018 дароз карда шуд.

Вазорати умури дохилии Ӯзбекистон сокинонро огаҳ карда буд, ки барои иваз накардани шиносномаҳои куҳна аз 0,5 то 3 нишондоди маоши ҳадди ақал ҷарима мешаванд.

Бино ба иттилои расмӣ, то охири июни соли равон 21,194 миллион шаҳрванд ё 94,9%-и сокинони Ӯзбекистон шиносномаҳои нав дарёфт кардаанд.

XS
SM
MD
LG