Ссылки доступа

Додгоҳ яке аз гузоришҳои "Бир дуйно - Қирғизистон"-ро экстремистӣ эътироф кард


Додгоҳ яке аз гузоришҳои созмони ҳомии ҳуқуқи "Бир дуйно - Қирғизистон"-ро экстремистӣ эътироф кард. Чунин қарорро дар додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек ҳанӯз 5 январи соли 2017 қабул карда буданд, аммо созмон дар ин бора чанде пеш огоҳ шуд, хабар дод Эрик Ирисқулбеков.

Ба гуфтаи вай, додгоҳ дар асоси маводи КДАМ ба додситонӣ муроҷиат кард, аммо намояндагони созмони ҳомии ҳуқуқ ба баррасиҳои додгоҳӣ даъват нашуданд ва қарори додгоҳ ҳам бе ширкати онҳо содир шудааст.

"Созмони "Бир дуйно - Қирғизистон" дар якҷоягӣ бо созмони "Мемориал" барои Кумитаи СММ дар умури ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ гузориши алтернативӣ таҳия кард. Аз рӯи ин гузориш ба Қирғизистон тавсия шуда буд, ки барои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ дар Русия чораҷӯӣ кунад. Ҳукумати мо бо ин тавсияҳо розӣ шуда буд", - хабар доданд аз созмон.

"Аммо мо моҳи марти соли ҷорӣ огоҳӣ пайдо кардем, ки ин гузориши "Бир дуйно-Қирғизистон" экстремистӣ эълон шудааст", - гуфт Ирисқулов.

XS
SM
MD
LG