Ссылки доступа

Президент Трамп ба молҳои чинӣ молиёти гумрукӣ ҷорӣ мекунад


Рӯзи ҷумъа ба чанде аз молҳое, ки аз Чин ба ИМА содир карда мешавад, молиёти гумрукӣ ҷорӣ мегардад. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе президенти ИМА Доналд Трамп хабар дод.

Молиёти 25 дарсадӣ ба молҳои саноатӣ дар маҷмуъ ба арзиши 34 миллиард доллар ҷорӣ мегардад. Дар сурати чораҳои ҷавобии Чин ин нишондод метавонад, ба 50 миллиард боло бурда шавад.

Ин иқдом, ба гуфтаи Трамп, дар посух ба норозигии Чин аст, ки иҷозат надод, молҳои амрикоӣ вориди бозори Чин шаванд.

Чин гуфт, ба таври фаврӣ иқдомҳои ҷавобиро рӯи даст хоҳад гирифт.

XS
SM
MD
LG