Ссылки доступа

Ҷонибеки Мурод мушовири як бонк шуд


Бонкҳои Тоҷикистон, ки муштоқи муштарӣ шудаанд, барои ҷалби ҳар нафар, ки солҳои ахир эътимод ба онҳоро аз даст додаанд, роҳҳои ғайримуқаррариро барои ба даст овардани дили онҳо пеша кардаанд.

Яке аз онҳо муассисаи молии хурди "Арванд" аст, ки аз Ҷонибек Муродов, овозхони ҷавони шинохта даъват кардааст, рӯзе дар шӯъбаи созмон нишаста, муштариёни онҳоро қабул кунаду машварат бидиҳад.

Ҷонибеки Мурод, ки забоншинос аст, барои иҷрои ин вазифа аз Украина ба Тоҷикистон омадааст ва худаш мегӯяд, бори аввал аст, ки дар бонке кор мекунад. Худи Ҷонибек гуфт, барои муддати кӯтоҳе "мушовир"-и "Арванд" мешавад.

Ӯ гуфт, бо ин ташкилоти молии қарздиҳӣ шартнома имзо карда ва барои як рӯз ба ҳайси мушовири молӣ кор мекунад. "Аз соати 8-30 то 15-00 ба муштариёне, ки ба инҷо меоянд, машварат медиҳам ва онҳоро роҳнамоӣ мекунам",- афзуд ӯ.

Ҷонибеки Мурод якуним сол аст, ки дар шаҳри Киев зиндагӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, мумкин аст, машваратҳояш натиҷа бидиҳанд ва муштариён ҷалб шаванд, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ намехоҳад, овозхониро ба бонкдорӣ иваз кунад.

"Ман метавонам, дар доираи санъат ё шоу-бизнес кори худро хуб иҷро кунам. Чун ман як овозхон ҳастам. Метавонам корамро ҳирфаӣ анҷом диҳам. Маблағи хубе ҳам ба даст меорам, аз сӯи дигар ин ҳунар барои ман мерос аст", - гуфт Ҷонибеки Мурод.

Ҳусейн Туйчиев, намояндаи созмони молии "Арванд" гуфт, барои муаррифии корашон дар Душанбе Ҷонибекро даъват карданд ва умедворанд, ки ҳузури ӯ ҳарчанд кӯтоҳ ҳам бошад, барои ҷалби бештари муштариён мусоидат кунад. "Ҳар нафаре, ки дар ин рӯз ба бонк меояд, метавонад бо Ҷонибеки Мурод сӯҳбат кунад ва машварат бигирад",- гуфт ӯ.

XS
SM
MD
LG