Ссылки доступа

Дар Ҷопон асосгузори фирқаи "Аум Синрикё" Сёко Асахару кушта шуд


Дар Ҷопон асосгузори фирқаи тундгарои "Аум Синрикё" Сёко Асахару ва чанд пайрави ӯро эъдом карданд. Дар ин бора шабакаи телевизионии NHK иттилоъ дод.

Соли 2004 додгоҳ Сёко Асахару ва 12 пайрави ӯро барои ҳамдастӣ дар ҳамлаи соли 1995 дар метрои Токийо ба марг маҳкум кард. Он замон дар натиҷаи ҳамла 13 кас кушта ва бештар аз 6 ҳазори дигар маҷруҳ шуд. Аз он замон то кунун Асахару ҳамроҳи пайравонаш дар интизори иҷрои ҳукми додгоҳ буданд. Вакилони дифоъ талош карданд, ки ба зинаҳои болоии додгоҳ шикоят баранд. Дар ниҳоят додгоҳи олии Ҷопон низ қарорро бе тағйир гузошт.

Фирқаи мазҳабии "Аум Синрикё" солҳои 1980 дар Ҷопон таъсис шуда буд. Шумори аъзоёни ин фирқа аз 30 то 50 ҳазор нафар мерасад.

XS
SM
MD
LG