Ссылки доступа

Ҳукумат "Пилла"-ро ба фурӯш гузошт


Тоҷикистон як ширкати азими давлатии дигарро ба фурӯш гузоштааст. Бо қарори ҳукумат ин дафъа саҳмияҳои корхонаи "Пилла"- ро мефӯрушанд, ки аз корхонаҳои муҳими соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои фурӯши "Пилла" музоядаи байналмилалӣ баргузор мекунад ва харидорони корхона метавонанд соҳибкорони худи Тоҷикистон ва сармоядорони хориҷӣ бошанд.

Қимати ибтидоии ширкати "Пилла" тақрибан 4 миллиону 911 ҳазор сомонӣ, баробар ба 400 ҳазор доллари амрикоӣ мебошад.

"Пилла" корхонаи азиме аст, ки кулли саноати пиллапарвариро дар Тоҷикистон зери даст дорад. Ширкат дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 39 бахши маҳаллӣ дорад. Корхона бо тутпарварӣ, истеҳсоли тухми кирми пилла, кирмакпарварӣ машғул буда, ягона таъминкунандаи маводи хоми корхонаҳои тавлиди абрешим аст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар назди харидорони эҳтимолӣ се шарт гузоштааст. Нахуст харидор муваззаф шудааст, ки дар давоми як соли пас аз хусусӣ кардани корхона, ҳудуди 16 миллион сомонӣ қарзи онро пардохт кунанд.

Дуввум харидор ӯҳдадор мешавад, ки се соли оянда барои рушди “Пилла” ва хариди таҷҳизоти нав 35 миллион сомонӣ харҷ кунад. Саввум ширкат дар давоми се соли баъдӣ 500 бояд ҷойи корӣ таъсис бидиҳад. Як шарти дигари фурӯши корхона ин аст, ки молики нав ҳаққи ба шахси дигар фурӯхтани он ва ё дигар кардани самти фаъолияташро надорад.

Ҳукумати Тоҷикистон дар оғози барномаи хусусигардонӣ даҳҳо корхонаи азими давлатиро ба фурӯш гузошт ва дар натиҷа соҳибмулкони нав таҷҳизоту фанновариҳои онро фурӯхта, фаъолияти корхонаро фалаҷ карданд. Зоҳиран ҳукумат барои ҷилавгирӣ кардан аз чунин вазъият ҳангоми фурӯши корхона чунин шартҳо гузоштааст.

XS
SM
MD
LG