Ссылки доступа

Сокинони пойтахти Туркманистон аз камобӣ ранҷ мебаранд


Расонаҳо менависанд, дар ҳоли ҳозир дар шаҳри Ишқободи Туркманистон дар кӯчаҳои марказӣ шинондани лула ё қубурҳои обпарто идома дорад.

Баъди қатъи муваққатии оби ошомидани дар шаҳракҳои Мир-1 ва Мир-2 таъмини об ҳамоно мушкил дорад. Расонаҳо менависанд, оби ошомидании манзили сокинонро шабонгоҳ қатъ мекунанд.

Сабаби қатъшавии обро сокинон ба гузаронидани лулаҳои обпартои шабакаи пасоб ё канализатсия рабт медиҳанд.

Баъди қатъшавии муваққатии об дар шаҳраки Мир-1 сифати он якбора бад шуд, шикоят мекунанд сокинон.

XS
SM
MD
LG