Ссылки доступа

Додситонии кул: парвандаи Мирсаидов ба фаъолияти рӯзноманигорияш рабт надорад


Хайрулло Мирсаидов

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ҳукми додгоҳ нисбати Хайрулло Мирсаидов ба фаъолияти рӯзноманигории ӯ рабте надорад ва барои аз худкунии маблағу сохтакории санадҳо эълом шудааст. Додгоҳи Хуҷанд ду рӯз қабл Мирсаидов, рӯзноманигор ва раҳбари гуруҳи ҳозирҷавобони тоҷикро 12 сол зиндонӣ кард.

“Бар пояи ҳукми додгоҳ, Мирсаидов ҳамчун роҳбари дастаи “Хушдилон ва ҳозирҷавобон” барои иштирок дар бозиҳои “КВН” дар шаҳрҳои Москва ва Сочии Русия ва Бишкеки Қирғизистон тайи солҳои 2014-2017 аз буҷаи ҳукумати вилояти Суғд 976 285 сомонӣ гирифта, 123 913 сомонии онро бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ва барзиёд нишон додани хароҷоти кирояи манзил ва ғайра аз они худ намудааст”, - омадааст дар изҳороти додситонӣ.

Додситонии кулли Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳама айбҳои эъломшуда зидди Хайрулло Мирсаидов тасдиқи худро ёфтанд ва бинобар ҳамин ӯ ба 12 сол зиндон ва адои ҷазо дар маҳбаси низомаш сахт маҳкум карда шуд.

Дар изҳороти Додситонии кулли Тоҷикистон, аз ҷумла омадааст, ки "дар воситаҳои ахбори омма хабарҳои зиёд оид ба таъқиби ҷиноятӣ ва вазнинии ҳукми суд нисбат ба шаҳрванд Мирсаидов Хайрулло ба табъ расида, дар баъзе аз чунин хабарҳо ин ҳолат ба рӯзноманигор будани номбурда вобаста карда, ҳатто ба омилҳои сиёсӣ доштани парвандаи ҷиноятӣ ишора карда шудааст".

Мирсаидов дар нақзи се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор дониста шуд. Додгоҳ қарор кард, ки гуноҳи Мирсаидов аз рӯи иттиҳоми "азхудкунӣ ва исрофи маблағҳои давлатӣ", "сохтакории ҳуҷҷатҳо", "пахш кардани маълумоти бардурӯғ" дар бораи Олим Зоҳидзода, собиқ раиси бахши ҷавонони ҳукумати Суғд исбот шудааст.

​Дар пайи эълони ҳукми додгоҳ, намояндаи САҲА дар умури озодии баён ва матбуот Ҳарлем Дезир аз ҳукми 12 соли зиндони журналисти тоҷик Хайрулло Мирсаидов изҳори нигаронӣ кард. Қаблан сафоратҳои ғарбии мустақар дар Тоҷикистон ҳам дар як изҳорот ҳукми 12 соли зиндони журналист Хайрулло Мирсаидов "сангин" ва "мояи нигаронӣ" номиданд ва аз ҳукумат бозбинии ҳукмро тақозо карданд.

Дар изҳороти муштараки сафоратҳои Бритониё, Олмон, Фаронса, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ки рӯзи 11 июл пахш шуд, аз ҳукми 12 соли зиндони додгоҳи Хуҷанд нисбати журналист ва раҳбари гурӯҳи ҳаҷвнигорони КВН Хайрулло Мирсаидов нигаронии амиқ баён шудааст.

XS
SM
MD
LG