Ссылки доступа

Доналд Трамп сафарашро ба Лондон аз танқиди Тереза Мэй шуруъ кард


Доналд Трамп, президенти ИМА рӯзи панҷшанбе баъди чанд соати шуруъи сафари расмиаш дар Бритониё ба телевизиони Sun-и ин кишвар мусоҳиба дод.

Дар ин мусоҳиба вай чанд иқдоми муҳими сарвазири Бритониё Тереза Мэйро дар робита ба хориҷшавии Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо танқид кард.

Трамп гуфт, Тереза Мэй ба машваратҳои вай дар робита ба гуфтугӯҳои хориҷшавии Бритониё аз иттиҳод гӯш надодааст. "Вай роҳи дигарро интихоб кард. Наметавонам бигӯям, ки роҳи муваффақонаро. Шояд Мэй ҳеч гузинаи дигареро барои худ тасаввур намекард", - гуфт Трамп.

Ба гуфтаи Трамп гузинаи "нарм"-и хориҷшавии Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо, ки Мэй интихоб кардааст, робитаҳои густардаи иқтисодиро бо иттиҳод ҳифз мекунад ва дар оянда ба рушди муносибатҳои тиҷоратии Амрикову Бритониё таъсири манфӣ хоҳад дошт.

Трамп ҳамчунин ба фаъолияти шаҳрдори Лодон Содиқ Хон, фарзанди муҳоҷири покистонӣ, баҳои манфӣ дод. Президенти ИМА гуфт, ки "вай наметавонад хатарҳои терроризмро рафъ кунад". Трамп ҳамчунин дар робита ба эътирози сокинон зидди воридшавии вай ба Лондон изҳори назар кард. "Лондон пештар ба ман бисёр писанд буд. Ҳоло дигар баҳонае намондааст, ки ман ба онҷо равам", - гуфт Трамп.

XS
SM
MD
LG