Ойбек Смадияров, сухангӯи вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон хабар дод, ки боздоштшуда дар "расонидани зарари барқасдона ба саломатӣ" айбдор мешавад.
Ин донишомӯз то 30 август ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Ба иттилои Смадияров, консули Қазоқистон ба дидори вай рафтааст.
Як омӯзгори донишкадаи мазкур рӯзи 29 июн бо зарби корд дар бемористон бистарӣ шуд. Расонаҳо Русия навиштанд, ки донишомӯзи ихроҷшудае аз ин донишкада дар ҳамла ба омӯзгор гумонбар мешавад.
Баъдтар додгоҳе дар шаҳри Москва гумонбар Жаслан Кудайбергеновро боздошт ва то 30 август ба ҳабси пешакӣ гирифт.